Авто сайт - полезные советы по ремонту автомобиля
Ширкати мазкур дар њудуди ќитъаи кони N8, байни њавзањои 2 ва 4-и ЉСШК "Ангишт" дар асоси Шартнома ба истихрољи ангишт ва истењсоли брикет фаъолият дорад. Дар назар аст, ки дар соли 2014 истихрољи ангиштро ба 12 000 тн. дар як сол расонида, зиёда аз 150 нафар љойи корї муњайё гардад. Оиди гирифтани иљозатнома, лоињаи мувофиќа кардашударо ба Њукумати Љумњурии Тољикистон љињати тариќи гуфтугўи мустаќим, ки он дар банди 14 Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2007 N 172 тасдиќ шудааст, ирсол карда шудааст.
Бо маќсади таъмини мустаќилият ва амнияти энергетикии Љумњурии Тољикистон, бењтар ќонеъ гардонидани талаботи энергетикї дар замимаи кони ангишти «Шўроб» лоињаи Шартномаи консессияи Марказу барќу гармидињии «Шўроб» байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва ширкати малайзигї «HOS International Trading SDH BHD» дар асоси ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4 октябри соли 2013, N438 маќул дониста ва 25 октябри соли љорї ба имзо расонида шуд.
Тибќи Шартномаи мазкур ширкати «HOS International Trading SDH BHD», айни замон ба омода намудани Асосноккунии техникии иќтисодии сохтмони МБГ бо иќтидори 300 мВт бо истифода аз ангишт, машѓул мебошад. Баъди ба итмом расондани асосноккунии мазкур, муаррифии (презентация) он дар Вазорати энергетика ва захирањои оби Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ќарор мегирад.